<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><lyrics>[V1]
.Dm                  C
 Туӣ, Парвардигоро, ҳофизи ҷонам;
.Gm          A
 Туӣ ишқам, Туӣ нерӯи имонам.
 Ҳаросон нестам аз ҳамлаи душман,
 Туӣ ҳамвора дар ҳар ҷо нигаҳбонам.

[C1]
.  Gm                    Dm
   Таваккал бар Ту дорам дар ҳама аҳвол,
.  Gm                 Dm
   Ҷуз ин ҳар чизро беҳуда медонам.
.  Gm                    Dm
   Ман аз торикии шабҳо наметарсам,
.  C                  A
   Туӣ дар тирагиҳо нури рахшонам.

[V2]
 Зи ноҳамвории роҳҳо наметарсам,
 Ту ҳатто раҳнамоӣ дар биёбонам.
 Агар аз хона берунам бияндозанд,
 Ба сӯи Ту саманди ҷон ҳамеронам.

[C2]
   Даруни хонаат бигзорам, эй маъбуд,
   Ки бинам ман ҷамолатро ба чашмонам.
   Ту Худ гуфтӣ, талаб бинмо Маро ҳар бор,
   Талаб дорам Туро аз умқи виҷдонам.

[V3]
 Мадад фармову дастам гир дар сахтӣ,
 Туро дар ҳар куҷо ман таҳти фармонам.
 Худамро мекунам қурбон ба роҳи Ту,
 Бароят ман суруди шукр мехонам.

[C3]
   Худовандо, ҷамолатро талаб дорам,
   Карам фармову сӯи Худ фаро хонам.
   Агар бебаҳра мебудам зи лутфи Ту,
   Чӣ будам бо чунин вазъи парешонам.

[V4]
 Ҳидоят кун маро бар роҳҳои рост,
 Ки аз норостиҳо сахт нолонам.
 Ту неку неккирдорӣ, Худовандо!
 Ман аз некӯият шодобу хандонам.

[C4]
   Дари бахшоишат бикшо ба рӯи ман,
   Ту, эй яктои беҳамтои давронам.
   Худовандо, ҳамехоҳам зи дарборат,
   Қабои раҳмату имон бипӯшонам.</lyrics>
<title>Туӣ, Парвардигоро, ҳофизи ҷонам Хд151</title>
<hymn_number>151</hymn_number>
<key>Dm</key>
</song>